Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Лима

Шаҳри Лима

ЛИМА (Lima), шаҳрест ки пойтахти Перу, маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат. Дар ҳамвории доманакӯҳҳои Анд, дар соҳили уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикии биёбонӣ. Ҳарораташ миёнаи моҳи хунуктарини ин ҷо (август) +16° С, гармтарин (феврал) +23° С. Боришоти солона 40 мм. Узели калони роҳи оҳан ва автомобилгард, аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Аҳолиаш 10,4 млн нафар (2017сол).

Ш, Лима

Лимаи Калон (худи Лима, маҳалҳои наздишаҳрӣ ва бандари баҳрии Каляо) қариб 80% маҳсулоти саноати мамлакатро медиҳад. Соҳаҳои асосии саноат: хӯрокворӣ, атриёт, коркарди металл, химия, бофандагӣ, чарму пойафзол, корхонаҳои коркарди моҳӣ, васли қисмҳои мошин ва асбобҳои электрикии рӯзгор. Шаҳр аз қиммҳои наву кӯхна иборат аст. Ёдгориҳои меъмории асрҳои 17—19: қасру маъбад, калисоҳо, қабри президент ва ғайра.

ХАРИТАИ ЛИМА

Шаҳри Лима дорои 6 донишгоҳ, Академияи миллии мусиқӣ, Академияи миллии тиббӣ, Академияи ҷарроҳии Перу, Академияи илмҳои дақиқ, Мактаби миллии санъати нафиса, муассисаҳои илмӣ, Китобхонаи миллӣ, Музеи миллии антропология ва археология, Музеи миллии маданияти Перу, Музеи санъат, театру расадхона, боғҳои ботаникӣ ва ғайра дорад.

Ба Лима соли 1535 испанҳо асос гузоштаанд. Дар давоми 3 аср маркази мустамликаҳои дар Америкаи Ҷанубӣ будаи испанҳо ва пойтахти ноибшоҳии Перу буд. Аз соли 1821 — пойтахти Ҷумҳурии Перу аст.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИМА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …