Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Владикавказ

Шаҳри Владикавказ

Шаҳри Владикавказ ин пойтахти Республикаи Осетия Шимолӣ мебошад ва онро пештар (то 1931 — Вла­дикавказ, аз 1944 то 1954— Дзауҷикау ва 1955-1990 Орҷоникидзе) меномиданд. Масоҳати шаҳр 291 км² мебошад.  Дар соҳили дарёи Терек воқеъ аст.

Владикавказ

Аҳолиаш 1 миллиону 80 ҳазор нафар дар 2017 сол дошт. Владикавказ калонтарин маркази саноат ва маданияти республика мебошад. Соҳаҳои муҳими саноатӣ шаҳр: мошинсозӣ, асбобсозӣ ва электро­техника (заводҳои «Газоаппарат», «Электроконтактор» ва ғайра).

Саноатӣ металлургияи ранга (заводҳои «Элект­росинк», «Победит») ва химия, ши­ша, силикату сафол, масолеҳи бинокорӣ, истихроҷи маъдани кӯҳӣ «Кавдоломит») ва саноати сабук дӯзандагӣ, трикотаж, пойафзол, ме­бел— фирмаи «’Казбек»), хӯрокворӣ низ ривоҷ ёфтааст.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ВЛАДИКАВКАЗ

Университет, институтҳои хоҷагии қишлоқ, металлургияи кӯҳӣ, тиббӣ, 21 мак­таби миёнаи махсус (аз ҷумла техникумҳои  металлургияи кӯҳӣ, нақлиёти роҳи оҳан, асбобҳои электронӣ, сохтмон), 6 театр, 6 музей, планетарий, маркази телевизион дорад.

Владикавказ соли 1784 ҳамчун қалъа бунёд ёфта, аз соли 1860 — шаҳр мебошад. Владикавказ яке аз марказҳои револютсионии Кавкази Шимолӣ буд.

ВЛАДИКАВКАЗ ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …