Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Павлодар

Шаҳри Павлодар

Павлодар, шаҳр, маркази вилояти Павлодари Республикаи Советии Сотсиалистии  Қазоқистон. Дар қисми шимоли шарқии республика, дар соҳили рости  дарёи Иртиш воқеъ аст. Бандари калони дарёӣ, стансияи дар хати роҳи оҳан Селиноград — Павлодар — Кулунда. Аҳолиаш 273 ҳазор нафар (1979).

Корхонаҳои калонтарини саноатии Павлодар; заводҳои трактор, алюминий, киштисозию таъмири киштӣ, таъмири шишаю автомобилҳо, 4 комбинати маснуоти оҳану бетонӣ, 3 ТЭЦ. Саноати хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшту орд, Заводҳои шир, моҳӣ, пиво) ва сабук низ ривоҷ ёфтааст. Институтҳои индустриалӣ ва педа­гогӣ, техникумҳои политехникӣ, монтаж, омӯзишгоҳҳои педагогӣ, тиббй ва мусиқӣ, театри драма ва музейҳо дорад.

Павлодар соли 1720 бунёд ёфта, аз соли 1861 шаҳр аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …