Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Патна

Шаҳри Патна

Патна, шаҳрест дар Ҳиндустони Шимолӣ, дар соҳили рости дарёи Ганг. Маркази маъмурии штати Бидор. Аҳолиаш 490,3 ҳазор нафар (1971). Узели калони нақлиёт ва маркази савдои маҳсулоти хочагии қишлоқ дар водии Ганги Миёна. Саноати матоъҳои пахтагин ва хӯрокворӣ, коркарди металл, қолинбофӣ, истеҳсоли зарбофт ва мебел ривоҷ ёфтааст. Университет (1917), китобхонаи дастнависҳои нодири Шарқ ҳаст.

Патна (номи қадимааш Паталипутра) дар миёнаҳои асри 5 то милод дар аҳди шоҳ Аҷаташатру бунёд гардид. Де­ре нагузашта ба маркази калони савдою ҳунармандӣ ва маданияти Ҳиндустони Шимолӣ табдил ёфт. Дар аҳди сулолаҳои Нандиён, Мавриён, Шунгиён, Канвиён ва Гуптҳо пойтахти давлат буд. Асрҳои 5—6 Паталипутра рӯ ба таназзул ниҳод. Дар асрҳои миёна ба ҷои он шаҳри Патна бунёд шуд. Асрҳои 17—19 аз нав маркази савдою ҳунармандӣ гардид. Бозёфтҳои археологӣ аз тамаддуни қадимии Патна шаҳодат медиҳанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …