Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Панҷ

Шаҳри Панҷ

Панҷ, шаҳр, маркази маъмурии райони Панҷи вилояти Қурғонтеппа. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар баландии 360 м аз соҳили баҳр воқеъ гаштааст. Иқли­маш субтропикии хушк; ҳарорати миёнаи январи 1° С, июл 29,2° С, боришоти солона 300 мм. Панҷ бо шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ алоқаманд аст. Масофа аз Панҷ то Қурғонгеппа 107 км, то Кӯлоб 123 км, то Душанбе 206 км (ба воситаи Қурғоптеппа). Аҳолии шаҳр 6000 нафар (1976).

Аҳолии Панҷ асосан аз тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар иборат аст. Дар Панҷ заводҳои пахтатозакунӣ, нон, сехҳои қаннодӣ, лимонад, дӯзандагӣ, пункти ширқабулкунӣ, устохонаи таъмирӣ мошинҳои хоҷагии км идораҳои роҳсозни рақами 15 ва 24, колоннаи автомобилии рақами 7, ко­лонная сайёри механиконидашудаи байниколхозӣ, базан автомобилии рақами 20 ва ғайра мавҷуданд. Панҷ инчунин 2 омузишгоҳи техники, 2 мак­таби миёна, мактаби мусиқӣ, 2 клуб 4 китобхона, 4 кинотеатр, хонаи маданият, боғи маданият ва истироҳат, шӯъбаи алоқа, комбинати хизмати маишӣ, 2 беморхона, поликлиника ва пункти тиббӣ дорад.

Панҷ соли 1931 Сароикамар, солҳои 1931— 1936 Бауманобод ва 1936—1963 Кировобод ном дошт. Санаи ташкили шаҳр 29 декабри 1953.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …