Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Палма

Шаҳри Палма

Палма (Ра1ша), шаҳр ва бандарест дар Испания, дар соҳили ҷануби ғарбии ҷазираи Малорка (ҷазираҳои Балеар). Маркази маъмурии музофоти Балеарес. Аҳолиаш 223 ҳазор нафар (1971). Калонтарин маркази туризм (соле то 2 млн турист). Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзол, бофандагӣ, шиша ва мошинсозӣ до­рад.

Қолин истеҳсол мекунанд. Ба воситаи бандари Палма ба хориҷа вино, сабзавот, мева, бодом ва ғайра бароварда мешавад. Ёдгориҳои меъмории шаҳр: калисои ҷомеъ (асрҳои 13—17), биржа («Лонха», асри 15), димнаи нас­ри шоҳони Малорка (асрҳои 14—15). Дар наздикии Палма аэропорти дорои аҳамияти байналхалқӣ мавҷуд аст. Шаҳр дар асри 3 бунёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …