Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Ошур

Шаҳри Ошур

Ошур шаҳре дар давлати Ошур (ҳозира димнаи Қалъат-Шарғат дар Ироқ). Қабатҳои маскун ба ҳазораи 4 то милод мутааллиқанд. Охири ҳазораи 3 — ибтидои ҳазораи 2 то милод Ошур шаҳр — давлат ва маркази калони маданӣ ва тиҷоратӣ будааст. Аз миёнаи ҳа­зораи 2 то милод пойтахти давлати Ошур. Соли 614 Ошурро модҳо хароб кардаанд.

Дар асрҳои то милод дар ҳайати Порт буд. Димнаи Ошур соли 1821 кашф гардида, солҳои 1845—47 онро олими англис О. Лейард тадқиқ кард. Солҳои 1903—14 олимони немис Р. Колдевей ва Р. Андре ҳафриёт бурдаанд, ки дар натиҷа иншооти мудофиавӣ ва китобхонаи дорои катибаҳои хати мехӣ ёфт шуданд. Дар Ошур боқимондаи кӯшку маъбадҳои Набу, Иштар, Синашамош, Ануадад боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …