Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Орехово-Зуево

Шаҳри Орехово-Зуево

Орехово-Зуево, шаҳрест дар вилояти Москваи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, дар соҳили дарёи Клязма (шохоби Ока). Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 132 ҳазор нафар (1979). Орехово-Зуево яке аз қадимтарин марказҳои саноати матоъҳои пахтагин мебошад. Саноати мошинсозӣ, химия ва истеҳсоли масолеҳи бннокорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Институти педагогӣ, 4 техникум, 2 омӯзишгоҳ, театри драма, музеи таърихи револютсия дорад.

Шаҳр дар миёнаҳои асри19 дар на­тирҷаи муттаҳид шудани корхонаҳои калони капиталистӣ дар маҳалҳои аҳолинишини Зуево, Николское, Орехово, Дубровка ба вуҷуд омадааст. Аз соли 1917 Орехово-Зуево меноманд. Аввалин корпартоии коргарон дар Орехово-Зуево соли 1863 ба вуқӯъ омадааст. Корпартоии Морозов (1885) калонтарин корпартоӣ дар Россия буд. Нахустин кружоки сотсиал-демокраҳоро соли 1892 Н. Е. Федосеев ташкил кард. Коргарони Орехово-Зуево иштирокчии фаъолп Револютсияи 1905—07 буданд. Октябри 1905 Совети депутатҳои корга­рон ташкил ёфт. Ҳокимияти Советӣ 25 октябри (7 ноябри) 1917 барпо гардид.

Шаҳр соли 1970 бо ордени Револютсияи Октябр мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …