Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Оренбург

Шаҳри Оренбург

Оренбург (аз 1938 то 1957 — Чкалов), шаҳр, маркази вилояти Оренбурги Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Дар соҳили дарёи Урал воқеъ аст. Узели роҳи оҳан Аҳолиаш 459 ҳазор нафар (1979).

Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ ва коркарди ме­талл — истеҳсоли дастгоҳу асбобҳо (заводҳои «Металлист», «Гидропресс», асбобсозӣ, дастгоҳсозӣ), таҷҳизоти пармакунӣ ва қисмҳои эҳтиётии трактору комбайнҳо, мошинҳои саноати хӯрокворӣ, таҷҳизоти электро­механикӣ ва қисмҳои яхдон; хӯрокворӣ, заводҳои орд, ярма, хӯроки омехтаи чорво, равғани растанӣ, комбинати гӯшт; сабук — фабрикаҳои чарму пойафзол, дӯзандагию трикотаж, комбинати шоҳибофӣ ва комбинатҳои рӯймолҳои тибитии машҳури Оренбург.

Инчунин корхонаҳои таъмири механизмҳо, заводҳои масолеҳи резинӣ, равғани нефт ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Институтҳои политехникӣ, хоҷагии қишлоқ, тиббӣ, педагогӣ, 15 мактаби миёнаи махсус, аз ҷумла техникумҳои дастгоҳсозӣ, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ, кооперативӣ ва ғайра, театрҳои драма, мазҳакаи мусиқӣ ва лӯхтак, филармония, музейҳои кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ дорад. Ёдгориҳои меъмориаш: меҳмонхона            (1749—54), корвонсарой (1836-42).

Оренбург соли1735 ҳамчун қалъа дар ҷои ҳозираи шаҳри Орск ба вуҷуд омада буд (дар наздикии резишгоҳи дарёи Ор). Соли 1743 ба ҷои ҳозирааш кӯчонда шуд. Дар давраи ҳукумати подшоҳӣ Оренбург бадарғагоҳ ҳисоб мешуд. Мохи марти 1905 дар Оренбург аввалин гурӯҳи РСДРП ташкил ёфт. Аввали марти 1917 Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳо ба вуҷуд омад.

Шаби 15(28) ноябри 1917 ҳокимият дар Оренбург ба дасти атаман А. И. Дутов гузашт. 22 январи 1919 шаҳр аз тарафи қисмҳои Ар­мияи Сурх озод карда шуд. 4 октябри 1920 дар Оренбург Съезди муассисони Советҳои кишвари Қирғизистон барпо гардид, ки он Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Қирғизистон (ҳоло Республикаи Советии Сотсиалистии  Қирғизистон) – ро ташкил кард. Солҳои 1920—25 Оренбург пойтахти Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Қирғизистон, аз соли 1934 маркази вилояти Оренбурги Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …