Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Орел

Шаҳри Орел

Орел, шаҳр, маркази вилояти Орёли Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия . Дар ҳар ду соҳӣли дарёи Ока воқеъ аст. Узели роҳи оҳан Аҳолиаш 305 ҳазор нафар (1979). Шаҳр аз 3 район иборат.

Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (истеҳсоли автогрейдер, мошинҳои борбардор, таҷҳизоти технологӣ ба­рои саноати бофандагӣ, чарму пойафзол, шиша, хӯрокворӣ ва қисмҳои эҳтиетӣ барои тракторҳо), асбобсозӣ (заводҳои соатсозӣ, мошинҳои ҳисоббарории идоракунанда ва ғайра). Инчунин заводи  прокати пӯлод, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва саноати хӯрокворию сабук мавҷудаанд. Институти педагогӣ, филиалҳои Ин­ститути ғоибонаи умумииттифоқии мошинсозӣ ва Институти маданияти Моск­ва, 9 мактаби миёнаи махсус, театри драма ва лӯхтак, 4 музей, нигористони суратҳо, маркази телевизион дорад.

Орел соли 1566 ҳамчун қалъа барои ҳифзи сарҳади ҷануби давлати Рус бунёд ёфтааст. Аввали асри 17 яке аз марказҳои шуриши деҳқонон (роҳбараш И. И. Болотников) буд. 25 ноябр, (8 декабри) 1917 дар Орел Ҳокимияти Советӣ барқарор гардид. 13 октябри 1919 Орелро қӯшунҳои Деникин ишғол намуданд, вале 20 октябри 1919 Армияи Сурх онҳоро аз шаҳр берун кард. 3 октябри 1941 Орелро фашистони немис забт карданд. 5 августи 1943 ҳангоми муҳорибаи Орёлу Курск шаҳр аз немисҳо озод карда шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …