Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Олвия

Шаҳри Олвия

Олвия, шаҳр— давлати атиқаи ғуломдориест, ки дар со­ҳили рости лимани Буг воқеъ буд; номи дигараш Борисфен (аз номи юнонии дарёи Днепр). Димнаи Олвия назди деҳаи ҳозираи Парутинои райони Очакови вилояти Николаев воқеъ аст. Аввали асри 6 то милод юнониёни шаҳри Милет асос гузоштаанд. Заминҳои ҳар ду соҳили Буг ва бисьёр деҳаҳо ба Олвия тааллуқ доштанд.

Олвия дар ду остонаи дарё (шаҳри Боло ва Поён) воқеъ буд ва дар давраи авҷи тараққияш тақрибан 5 гектарро ташкил мекард. Шаҳр бо девори сангин мудофиавии бурҷдор иҳота гардида, дар қисми ҷанубиаш истеҳкоми иловагӣ—куҳандиз дошт. Маҳаллаҳои шаҳр чоркунҷа ва кӯ­чаҳояш рост буданд; дар шаҳри Поён маҳаллаҳои ҳунармандон ва бандаргоҳ воқеъ буд. Коркарди филизот, кулолӣ, заргарӣ ва ғайра тараққӣ карда буд. Олвия бо қабилаҳои скифҳои ҳамсоя муносибати тиҷоратӣ дошт. Аз скифҳо чорво, ғалла, пӯст ва дигар озуқаворӣ гирифта, ба Юнон мефиристод.

Ба Олвия аз давлатҳои Юнон шароб, равғани зайтун, маснуоти филизӣ, осори санъати бадеӣ ва ашёи зебу зинат меоварданд. Дар Олвия тангаҳои  нуқрагину мисин ва баъзан тиллоӣ мебароварданд. Ҳокимияти олӣ ба маҷлиси халқӣ ва шурои интихобӣ, ҳокимияти иҷроия ба коллегияи мансабдорони интихобан ҳар сол ивазшаванда — архонтҳо, стратегҳо ва ғайра тааллуқ допгт. Олвия дар сиёсати беруна мустақил буда, бо маркази давлат — Милет шартномаи махсуси дӯстона дошт, Соли 331 то милод Олвия ҳамроҳи скифҳои ҳамсоя ҳуҷуми қӯшунҳои Искандари Мақдуниро за­да гардонд.

Дар нимаи дуюми асри 3 — асри 2 то милод Олвия дучори бӯҳрони сахт гардид, ки бо бӯҳрони умумии системаи полисӣ ва қувват гирифтани душмании қабилаҳои ҳамсоя вобаста буд. Асри 2 то милод Олвияро шоҳи скифҳои Қрим забт кард. Асри 2 баъди аз давлати Понт шикаст _хӯрдани скифҳо Олвия тобеи Понт шуд. Олвияро дар миёнаи асри 1 то милод қабилаҳои гетҳо хароб карданд. Олвияи дар асрҳои аввали милод барқароргардида хеле хурд ва аҳамияти пештараи худро гум карда буд.

Асри 2 ба Олвия қӯшунҳои Рим cap дароварда, аввали асри 3 он ба ҳайати музофоти Мёзияи Поёни им­перияи Рим дохил карда шуд. Эҳтимол меравад, ки ҳаёт дар Олвия асри 4 қатъ гардидааст. Дар Олвия аз соли 1901 мунтазам ҳафриёти археологӣ гузаронида мешавад. Ҳудуди шаҳри қа­дима мамнӯъгоҳ эьлон шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …