Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Олмаато

Шаҳри Олмаато

Олмаато (қазоқӣ Алмати — себзор, то 1921 Верний), шаҳр, пойтахти Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (аз май 1929), маркази вилояти Олмаато. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Алатови Паси Или, дар баландии 650—950 метр воқеъ аст. Шаҳрро дарёчаҳои Олмаатои Калон ва Хурд бурида мегузаранд. Ҳарорати моҳи январ— 8° Селсия, июл 22,3° Селсия. Боришоти солона 600 милиметр. Аҳолиаш 979 ҳазор нафар (1981). Шаҳр ба 6 райони маъ- мурӣ тақсим шудааст.

Олмаато дар магистрали роҳи оҳани Тошкент — Новосибирск ҷой гирифтааст. Аэропорт дорад. Аз Олмаато то шаҳрҳои Тошкент, Фрунзе ва Семипалатинск роҳҳои шоссе тӯл кашидаанд.

Дар солҳои сохтмони сотсиалисти Олмаато ба маркази калони саноатии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон табдил ёфт. Махсусан саноати хӯрокворӣ ва сабук тараққӣ кардааст. Комбинатҳои гӯшту консерв, орд, шир, вино, консерви мева, тамоку, фабрикаҳои қаннодӣ, чой, заводҳои ликё­ру арак, пиво, инчунин комбинатҳои матоъҳои пахтагин ва мӯина, фабрикаи қолин, иттиҳодияҳои трикотажии ба номи Дзержинский, пойафзолдӯзии «Ҷетису» ва ғайра мавҷуданд.

Саноати вазнин аз корхонаҳои мошинсозӣ ва коркарди металл (заводҳои мошинсозии вазнин, дастгоҳсозии «20-солагии Октябр», электротехникӣ, элект­ромеханикӣ, таъмири механизмҳо ва ғайра) иборат аст. Корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ қисмҳои васлкунӣ, ҳар гуна конструксияҳои бино­корӣ ва ғайра истеҳсол мекунанд. Комбинати чӯбгарӣ, иттиҳодияи мебели «Олмаато», стансияҳои электрии олавӣ дорад; дар дарёи Олмаатои Калон як силсила ГЗС-ҳо ва дар дарёи Или ГЭС-и Капчагай бунёд ёфтаанд.

То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Олмаато 20 мактаб, аз ҷумла 2 мактаби миёна — гимназияҳои мардона ва зано­на мавҷуд буд. Мактаби олӣ набуд. Соли хониши 1981 /82 дар Олмаато 180 мак­таби маълумоти умумй, 26 мактабу омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, 15 мактаби миёнаи махсус, 12 дониш- кадаи олӣ (аз ҷумла университет, институтҳои политехникӣ, хоҷагии халқ, хоҷагии қишлоқ, зооветеринарӣ, тибӣи, 3 институти педаго­гӣ ва ғайра) вуҷуд доштанд.

Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон шуъбаи шарқии ВАСХНИЛ ва дигар муассисаҳои илмӣ низ дар Олмаато воқеъ гаштаанд. Дар шаҳр Китобхонаи давлатии ба номи Александр  Сергеевич Пушкин, 7 театр (опера ва балет, драма ва ғайра), филармония, сирк, киностудияи «Қазоқфилм», 17 кинотеатр, 92 клуб, 4 музей, Қасри пионеров, 6 стадион ва ғайра ҳаст.

Пойтахти Қазоқистон яке аз шаҳрҳои зеботарини СССР ба шумор ме- равад. Кӯчаҳои росту васеи онро дарахтони сояафкан зинат медиҳанд. Боғҳои мева бисёранд. Махсусан бинои Театри опера ва балети ба номи Абай, Қасри маданият, Китобхонаи ба номи Александр Сергеевич Пушкин, Хонаи ҳукумат, меҳмонхонаҳои «Олмаато», «Қазоқистон» ва ғайра ҷолиби диққатанд.

Олмаато яке аа марказҳои калони спорт ва туризми мамлакат аст. Дар қис- ми ҷануби шаҳр, дар нишебии қаторкӯҳи Алатови Паси Или курорту санато- рияҳо, хонаҳои истироҳат, лагерҳои пионерӣ, базаҳои туристию алпинистӣ ҷой гирифтаанд. Дар наздикии шаҳр комплекси спортии баландкӯҳ — «Медео» воқеъ аст, ки дар он мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ барпо мегарданд.

Олмаато соли 1854 ҳамчун истеҳкоми ҳарбии рус — Заилийское сохта шуд ва дертар Верний ном гирифт. Соли 1867 маркази вилоят Ҳафтруд (Ҷетису) гардид. Аз охири асри 19 бадаргагоҳи маҳбусони сиёсӣ буд. Солҳои револютсияи 1905—07 дар Верний гурӯҳи сотсиал- демократӣ ташкил ёфт ва намоишу корпартоиҳо ба вуқӯь омаданд. Соли 1917 ташкилоти болшевиком таъсис ёфт. 2—3 марта 1918 бо роҳбарии ни ташкилот дар шаҳр Ҳокимияти Со­ветӣ барпо карда шуд. Шаҳр бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1983).

Адабиёт:       Алма-Ата — столица Советского

Казахстана, Алма-Ата. I960; Д у й с е н о в Е., Алма-Ата (столица Казахста­на), Алма-Ата, 1968.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …