Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Олимпия

Шаҳри Олимпия

Олимпия (Olympia), шаҳри қадими юнонӣ дар Элида (қисми шимоли ғарбии Пелопоннес), маркази дин, парастишгоҳи Зевс ва ҷои гузарони­дани Бозиҳои олимпӣ; муҳимтарин маркази санъати Юнони Қадим. Ан­самбли меъмории Олимпия асосан асрҳои 7—4 то милод ташаккул ёфтааст.

Олимпия баъ­ди ғалабаи масеҳият рӯ ба танаазул ниҳод, соли 426 бошад, бо фармони императоря Рим Феодосии II сӯзонда шуд. Солҳои 522 ва 551 дар натиҷаи заминҷунбӣ боқимондаи иморату муҷассамаҳо хароб гардиданд.

Аввалин ҳафриёт дар ин ҷо соли 1829 аз тарафи археологҳои франсавӣ гузаронда шуд, аз соли 1875 бошад, онро археологи немис Э. Курсиуо ва дигар мунтазам давом доданд. Зиёда аз 130 муҷассама, тақрибан 13 ҳазор ашёи биринҷӣ, қариб 10 ҳазор катибаи рӯйи тахтаҳои баринҷӣ ва ғайра ёфт шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …