Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Оқтеппа

Шаҳри Оқтеппа

Оқтеппа (Актюбинск), шаҳр, маркази вилояти Оқтеппаи Республикаи Советии  Сотсиалистии  Қазоқистон. Дар қисми шимоли ғарбии республика, дар соҳили чапи дарёи Илек (шохоби дарёи Урал) воқеъ аст. Узели муҳими роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ. Аз Оқтеппа роҳи оҳан Оренбург—Тошкент мегузарад. Аҳолиаш 191 ҳазор нафар. (1979).

Маркази калони иқтисодӣ ва мадании Қазоқистон. 3аводҳои оҳангудозӣ, аппаратураҳои рентгенӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ (қисмҳои эҳтиётӣ барои трак­тору автомобилҳо), комбинатҳои гӯшт, шир, фабрикаҳои трикотаж, дӯзандагӣ, мебел, корхонаҳои масолеҳи бино­корӣ ва ғайра дорад. Дар Оқтеппа институтҳои пе­дагогӣ, тиббӣ, техникумҳои бинокорӣ, нақлиёти роҳи оҳан, кооперативӣ, химияю механика, омӯзишгоҳҳо, театри драма, музей ва планетарий мавҷуд аст. Оқтеппа соли 1869 ҳамчун истеҳкоми ҳарбӣ бунёд ёфтааст. Аз соли 1891— шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …