Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Оҳангарон

Шаҳри Оҳангарон

Оҳангарон, шаҳрест дар вилояти Тошкенти Республикаи Совети Сотсиалистии  Ӯзбекистон Маркази райони Оҳангарон. Дар доманаи кӯҳи Қурама ва соҳили рости дарёи Оҳангарон, 68 километр дуртар аз шаҳри Тошкент воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан дар шохаи Тошкент — Ангрен. Аҳолиаш 28,5 ҳазор нафар (1976).

Дар шаҳр заводҳои семент, «Сантехлит» (ванна, раковина, плитаҳои газ, қубурҳои чӯянӣ ва ғайра), маснуотн оҳану бетони, комбинатҳои масолеҳи бинокорӣ ва маснуотн пластмассагӣ (қубурҳои полиэтиленӣ, ли­нолеум ва ғайра),.инчунин комбинати асбес­ту семент ва маснуоти гарминогузар мавҷуданд.

Клуб, кинотеатр, по­ликлиника, касалхона, техннкуми масолеҳи бинокорӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ ва ғайра дорад. Дар наздикии Оҳангарон конҳои ангишти Ангрен ва маъдани металлҳои рангаи Олмалиқ воқеанд. Оҳангарон то.соли 1960 деҳа ва то соли 1966 посёлкаи типи шаҳрӣ буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …