Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нуқус

Шаҳри Нуқус

Нуқус, шаҳр, пойтахти РАСС Қароқалп. Дар соҳили рости дарёи Аму, дар баландии 76 метр аз соҳили баҳр воқеъ аст. Онро аз Ҷануб ва Шарқ биёбони Қизилқум, аз Шимол делтаи дарёи Аму иҳота кардаанд. Аз Нуқус то стансияи роҳи оҳан Хӯдҷайлӣ 38 километр. Шаҳрро канала Қизкетган бурида мегузарад. Аҳолиаш 109 ҳазор нафар (1979); асосан қарқалпоқҳо, қазоҳо, узбекҳо, русу тоторҳо ва ғайра. Нуқус зиёда аз 20%-и маҳсулоти умумии саноати Қароқалпо- систонро медиҳад.

Шаҳр қариб 55 корхонаи саноатӣ дорад. Махсусан саноати коркарди металл (заводҳои таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, мошинҳои роҳ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Нуқус инчунин комбинатҳои хонасозии калонпанел, масолеҳи бинокорӣ, заводҳои шир, орд, виною арақ, комбинати полиграфӣ, фабрикаи мебел ва ғайра дорад. Дар Нуқус фи­лиали Акадкмияи Фанҳои РСС Узбекистон, институти педагогӣ, мактаби миёнаи махсус, Музеи таъриху кишваршиносӣ ва Музеи санъати Қароқалпоқистон, Театри драмаи мусиқии ба номи К. С. Станиславский ва филармония мавҷуданд.

Нуқус соли 1932 дар ҷои авули Нуқус бунёд ёфтааст. Аз соли 1939 — пойтахти РАСС Қароқалп.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …