Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нуакшот

Шаҳри Нуакшот

Нуакшот (Nouakchott), шаҳр, пойтахти Мавритания, маркаан иқтисодию мадании мамлакат. Дар соҳили уқёнуси Атлантик воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикии биёбовӣ, ҳарорати миёнаи январи 21° С, июл 28° Соли Боришоти солона 150 мм. Аҳолиаш 145 ҳазор нафар (1979). Нуакшот бандари баҳрист; аэропорт дорад. Саноати хӯрокворӣ, чӯбгарӣ ва ғайра ривоҷ ёфтааст. Инчунин корхонаҳои хурди ҳунарманди, устохонаҳои гуногун мавҷуданд. Шаҳр институти педагоги китобхонаҳои миллӣ ва оммавӣ дорад.

Нуакшот аз 28 ноябри 1960 пойтахти Республикаи Исломии Мавритания буда, округи мустақили маъмуриро ташкил медиҳад, ки он аз тарафи губернатор идора карда мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …