Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Новосибирск

Шаҳри Новосибирск

Новосибирск (то 1925 — Н о в о ­н и колаевск), шаҳр, маркази вилояти Новосибирски РСФСР. Дар ҷанубу шарқии ҳамвории Сибири Ғapбӣ, дар ҳар ду соҳили дарёи Об воқеъ аст. Узели калони роҳи оҳан, бандари дарёӣ. Аҳолиаш 1312 ҳазор нафар (1979). Новосибирск яке аз марказҳои калонтарини иқтисодиёт, маданият ва илми СССР аст.

Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ ва металлургия (дастгоҳҳои вазнин ва гидропрессҳо, турбогидрогенераторҳо, мошинҳои хоҷагии қишлоқ телевизор, маг­нитофон), химия (пластмасса, лок, дорусозӣ ва ғайра), сабук (комбинату чарму пойафзол, фабрикаҳои трикотаж, дӯзандагӣ, мебел), хӯрокворӣ (комбинатҳои ордкашӣ, гӯшту консерв, равған). Базаи электроэнергетикиаш: ГЭС-и Новосибирск дар дарёи Об ва 4 ТЭЦ. Дар Новосибирск Шӯъбаи сибирии АФ СССР, Академияи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ ба номи В. И. Ленин, филиали сибирии Академияи илмҳои тиббии СССР, 14 донишкадаи олӣ (аз ҷумла унивнрситет), филиали Институти технологии саноати сабуки Москва, 37 мактаби миёнаи махсус, театрҳо (опера ва балет, 2 театри драма, мусиқию мазҳакавӣ, чавонон, лӯхтак), нигористон, музеи кишваршиносӣ (филиали хона-музеи ба номи С. М. Киров) ҳаст.

Новосибирск 1893 дар соҳили дарёи Об бунёд ёфтааст. Аз соли 1925 маркази Сибир, аз 1930 маркази Сибири Ғарбӣ ва аз 1937 маркази вилояти Новосибирск. Бо ордени Ленин мукофотонида шу­дааст (1982).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …