Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Новороссийск

Шаҳри Новороссийск

Новороссийск, шаҳри қаҳрамонест дар кишвари Краснодари РСФСР. Бандари соҳили халиҷаки Семес (Новороссийск)-и баҳри Сиёҳ. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 159 ҳазор нафар (1979). Новороссийск маркази ка­лони саноати семент аст. Инчунин саноати коркарди металл (заводҳои «Красный двигатель», таъмири вагон ва киштиҳо, рехтагарии механикӣ, маҳсулоти металлӣ), масолеҳи бинокорӣ (заводҳои маҳсулоти асбесту се­мент, «Коммунар», маҳсулоти оҳану бетонӣ), хӯрокворӣ (комбинати ордкашию элеватор, заводҳои шир, пиво моҳӣ) равнақ ёфтааст. Фирмаи мебел — «Черноморец» дорад.

Дар шаҳр факултети умумитехникии Институти политехникии Краснодар, факултети ғоибонаи Институти инженерони флоти баҳрии Одесса, техникумҳои индустриалӣ, коммуналию бинокорӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва мусиқӣ, музеи таъриху кишваршиносӣ, театри халқӣ ҳаст. Новороссийск соли 1838 бунёд ёфтааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми зиёди шаҳр аз тарафи фашистони немис истило шуда буд. Шаби 4 феврали 1943 дар ҷанубтари Новороссийск, дар мавзеи Мысхано (дертар «Замини Хурд») десавти матросон фароварда шуд, ки он 225 рӯз, то пурра озодшавии шаҳр (16 сентябри 1943) фидокорона ҷангид. Соли 1982 дар Новороссийск комплексӣ ёдгории «Ба қаҳрамонони Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» кушода шуд. Ба Новороссийск ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1, 7. 5. 1966), номи фахрии «Шаҳри каҳрамон», ордени Ленин ва «Ситораи Тилло» (14 сентябри 1973) дода шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …