Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Новомосковск

Шаҳри Новомосковск

Новомосковск (то соли 1934-Б о б р и к и, аз соли 1934 то 1961 — Сталиногорск), шаҳрест дар вилояти Тулаи РСФСР. Дар территорияи ҳавзаи ан­гишти назди Москва воқеъ гашта­аст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 147 ҳазор нафар (1979). Новомосковск маркази калони саноати химияи СССР мебошад. Иттиҳодияи истеҳсолии «Азот», комбинати молҳои химиявӣ, заводҳои синтези органикӣ ва «Полимерконтейнер», корхонаҳои са­ноати ангишт, хӯрокворӣ ва сабук, ГРЭС дорад.

Дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ комбинати гач, заводи шамот ва дигар заводҳо кор мекунанд. Институтҳои тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашии са­ноати ангишт ва мошинҳои кон ва ғайра, филиалҳои Институти давлатии са­ноати нитроген ва Институти химияю технологии Москва, 3 техникум, омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва мусиқи, театри драма ва музеи таърихи шаҳр мавҷуданд. Новомосковск соли 1929 ба муносибати cap шудани сохтмони комбинати химиявӣ ва ГРЭС бунёд ёфта, аз соли 1930 — шаҳр. Новомосковск бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (14 январ 1971).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …