Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Новочеркасск

Шаҳри Новочеркасск

Новочеркасск, шаҳрест дар вилояти Ростови РСФСР. Дар соҳилҳои рости дарёҳои Туалов ва Оқсоӣ, дар сари роҳи автомобилгарди Харков — Ростови Дон воқеъ гардидааст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 183 ҳазор нафар. Новочеркасск маркази калони саноат буда хусусан мошинсозӣ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои муҳимаш: заводҳои электровозу дастгоҳсозӣ, таҷҳизоту мошинҳои заминпармаккунӣ, мошинҳои кон, мошинҳои саноати нефт, электрод (аз графит ва графинопласт аппаратураҳои химиявӣ истеҳсол мекунад), маҳсулоти синтезӣ (ашёи хом- гази табиӣ), магнитҳои доимӣ, хишти силикатӣ ва ғайра.

Инчунин як қатор корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, орд, заводи вино ва ғайра) мавҷуданд. Дар наздикии шаҳр ГРЭС-и Новочеркассак (иқтидораш 2400 ҳазор кВт) сохта шудааст. Новочеркасск институтҳои политехникӣ, мелиоратсияи инженерӣ, хоҷагии халқ, 13 мактаби миёнаи махсус, якчанд муассисаҳои тадқиқоти илмӣ (аз ҷумла институтҳои гидрохимиявӣ, соҳаҳои токдорию винокашӣ, гидротехника ва милиоратсия, элекӣровозсозӣ) 2 музей ва 2 театр дорад. Новочеркасск соли 1805 бунёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …