Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Новгород

Шаҳри Новгород

Новгород ин шаҳрест, ки маркази вилояти Новгороди Россия бо аҳолии 222 ҳазор нафар (2017 сол) мебошад. Новгород дар ҳар ду соҳи­ли дарёи Волхов, 6 км. дуртар аз кули Илмеп, дар сари роҳи автомобилгарди Москва — Ленинград воқеъ аст. Узели роҳи оҳан, истгоҳи киштиҳо дорад.

Новгород 1/3 ҳиссаи маҳсулоти саноатии вилоятро медиҳад. Соҳаҳои саноати электротехники ва радиотехники (заводҳои «Комсомоли ленинӣ», «Вол­на», «Съезди 24-уми партия», элек­тровакуум ва г.), химия (з-ди «Стек­ловолокно» ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Азот») аз ҳама бештар тараққӣ кардааст. Инчунии корхонаҳои саноати чӯбгарӣ, хӯрокворию сабук, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Новгород институтҳои педагогӣ ва политехникӣ, филиали Институти хоҷагии қишлоқи Ле­нинград, техникумҳои саноати электронӣ, сохтмон, савдо ва совхоз-тех­никум, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, мусиқӣ ва маданӣ-маърифатӣ, театри драма дорад.

Ш. НОВГОРОД ДАР ХАРИТА

Музеи соли 1865 ташкилшуда ба музей-мамнӯъгоҳи таърихию меъморӣ табдил ёфт. Новгород маркази туризм (аз ҷумла туризми чаҳонӣ) буда, 2 турбаза ва кемпинги тамоми сол амалкунанда дорад. Дар асрҳои 11—15 дар Новгород санъати ба худ хоси меъморӣ, наққошӣ, рассомӣ равнақ ёфта буд. Як қатор калисоҳои ҷомеъ, ибодатхонаю маъбадҳои он давра то имрӯз боқӣ мондаанд (калисоҳои ҷомеи Со­фия— асри 11, Николо-Дворпшевский, Георгиевский — асри 12, маъбади Пётру Павел — асри 12 ва ғайра).

Новгород яке аз шаҳрҳои қадими рус бу­да, бори аввал соли 859 дар солномаи якуми Новгород зикр шудааст. Аз охири асри 10 дуюмин маркази муҳимми Руси Киев гардид. Азбаски аз Новгород яке аз роҳҳои асосии савдои Европаи Шарқӣ мегузашт, он ба яке аз марказҳои калони савдои давлати Рус ва тамоми Европа табдил ёфт. Дар ин ҷо ҳунарманди виз ривоҷ ёфт. Солҳои 1136—1478 Новгород маркази республикаи феодалии Новгород буд. Новгород дар инкишофи санъати миллии рус роли калон бозидааст.

ВИДЕО ДАР БОРАИ НОВГОРОД

Он дар давраи истилои муғулу тоторҳо ҳеҷ осебе надид ва боигариҳои мадании миллӣ низ шикасте наёфта пурра боқӣ монданд. Соли 1478 Новгород ба таркиби давлати мутамаркази Рус дохил шуд. Аз соли 1727 маркази губернияи Новгород. Аввали соли 1906 дар Новгород гурӯҳи РСДРП ташкпл ёфт. 14 (27) ноябри 1917 дар шаҳр Ҳокимияти Советӣ барпо гар­дид. Аз 15 августи 1941 то 19 январи 1944 Новгород дар зери истилои фашистони немнис монда, қариб тамоман валангор шуд. Мувофиқи қарори Совети Комиссарони Халқии ССОР (сентябри 1944) «Оид ба тадбирҳои аз нав барқарор кардани Новгород» шаҳр дар солҳои баъдиҷангӣ аз нав бунёд гардида, ба маркази калони саноатӣ табдил ёфт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …