Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Норак

Шаҳри Норак

Норак (аз номи кӯҳи Нор), шаҳрест дар РСС Тоҷикистон Дар соҳили рости дарёи Вахш, 68 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Душанбе вокқеъ аст. Аз Норак то роҳи калони автомобилгарди Душан­бе — Кӯлоб 7,5 км. Аҳолиаш 19,9 ҳазор нафар (1976). Дар шаҳр заводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, нон, фабрикаи дӯзандагӣ, устохонаи марказонидашудаи таъмири механизмҳо ва комбинати хизмати маишӣ мавҷуданд. Техникуми шабонаи сохтмони энергетикӣ ва комбинати таълимӣ, мактабҳои мусиқӣ ва спортӣ, 5 мактаби миёна, 6 яслӣ ва боӯчаи бачагон, 10 китобхона, поликли­ника, касалхона, 4 кинотеатр, 6 клуб, хонаи маданият, стадион, бори маданият ва истироҳат, ресторану ошхонаҳо дорад.

Норак 16 декабри 1960 ба муносибати оғоз ёфтани сохтмони калонтарин дар Осиёи Миёна ГЭС-и Норак дар ҷои деҳаҳои хурди Туткавуд, Норак, Лангар ва Деҳисабур ба вуҷуд омад. Микрорайонҳои нав, биноҳои 4—9 ошёнаи маъмурию истиқоматӣ сохта шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …