Ногинск (то 1930 — Богородск), шаҳрест дар вилояти Москваи РСФСР. Дар ҳарду соҳили дарёи Клязма (шохоби Ока) ҷойгир шудааст. Стансияи роҳи оҳан Аҳолиаш 119 ҳазор нафар (1979). Маркази саноати бофандагӣ (аз асри 19). Комбинати матоъҳои пахтагини Глухов, заводҳои истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ, аппаратдҳои сӯзишворӣ, фабрикаи паррандапарварӣ дорад. Техникуми шабонаи бофандагӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва тиббӣ, театри драма, музеи кишваршиносӣ мавҷуданд.
Ногинск асри 16 ҳамчун деҳаи Рогожа бунёд ёфтааст. Аз соли 1781 — шаҳр. Номи Ногинскро ба шарафи ходими давлатии советӣ ва партиявӣ В. П. Ногин гузоштанд.