Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нисо

Шаҳри Нисо

Нисо шаҳри қадим ва асримиёнагӣ (димнаи он ҳоло дар масофаи 18 километр Шимоли Ғарби шаҳри Ашқобод воқеъ аст). Дар асри 3 то милодӣ— асри 3 милодӣ Нисо аз Шаҳристон (димнаи Нисои Нав, тақрибан 18 га) ва қароргоҳи мустаҳками шоҳи Порт (димнаи Hисои Куҳан, номи қадимиаш Меҳрдодкарт, тақрибан 14 га) иборат буд. Солҳои 1946—60 олими советӣ М. Е. Массон мунтазам ҳафриёти археологӣ гузаронд. Дар натиҷаи ҳафриёт материалҳои нодири роҷеъ ба таъриху маданияти шоҳии Порт ба даст омаданд. Дар Нисои Нав ва Куҳан боқимондаи девори қалъа, маъбадҳо, қаср, биноҳои хоҷагӣ ва истиқоматӣ кушода шуданд. Аз онҳо хазинаи шоҳ, ҳайкалҳои мармарин, асбобҳои зебу зинат, пластинкаҳои хурд, яроқу аслиҳа, асбоби рӯзгор ва ғайра ёфт шуданд.

Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки асрҳои 3—1 то милод ба маданияти Порт таъсири маданияти эллинӣ зиёд буд. Дар натиҷаи ҳафриёт инчунин зиёда аз 2000 ҳуҷҷати хоҷагидории дар рӯи сафолпораҳо навишташудаи (хусусан оид ба майкашӣ) муталлиқ ба асри 1 то милод ба даст омаданд, ки онҳо бо алифбои оромӣ ба забони портӣ  навишта шудаанд. Баъди пароканда шудани шоҳии Порт (асри 3) Нисо таназзул ёфт. Танҳо дар нимаи дуюми асри 5 дубора барқарор гардид. Дар асрҳои 11—12 ҳамчун маркази Хуросон аз нав аҳамияти иқтисодию сиёсӣ пайдо кард. Аз асри 16 Нисо мунтазам хароб гашт ва дар солҳои 20 асри 19 танҳо димнаи он боқӣ монд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …