Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нижний Тагил

Шаҳри Нижний Тагил

Нижний Тагил, шаҳрест дар вилояти Свердлови РСФСР. Дар нишебии шарқии Урали Миёна, дар ду соҳили дарёи Тагил воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 398 ҳазор нафар (1979). Нижний Тагил яке аз марказҳои калони саноати металлурги ва мошинсозӣ дар Урал. Корхонаи муҳимтарини шаҳр — комбинати металлургии Нижнетагил.

3аводҳои вагонсозӣ, таҷҳизоти гармкунӣ, пластмасси, инчунин корхонаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданц. Нижний Тагил гази табииро ба воситаи газо­провод аз Сибири Ғарбӣ мегирад. Институти педагогӣ, филиали Институти по­литехникии Урал, техникумҳои мо­шинсозӣ, сохтмон, металлургияи кӯҳи, савдои советӣ, индустриалию пе­дагогӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, педаго­гӣ, мусиқӣ, санъати амалӣ, театрҳои драма ва лухтак, музейҳои кишваршиносӣ ва санъати тасвири дорад.

Нижний Тагил соли 1725 ҳамчун маҳалли аҳолинишин бунёд ёфта, аз соли 1917 — шаҳр. Нижний Тагил бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1971).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …