Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нефтекамск

Шаҳри Нефтекамск

Нефтекамск, шаҳрест дар РАСС Бошқ. Маркази райони Краснокамск. 8 км дуртар аз деҳаи Кама воқеъ аст. Шохаи роҳи оҳан Нефтекамскро бо ст. Амзя (дар хати Назон—Свердловск) мепайвандад. Аҳолиаш 66 ҳазор нафар (1978). Комбинати чарми сунъӣ, заводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, автосамосвал, шир, пиво, комбинати гӯшт дорад. Саноати ҷангал ва химияи ҷангал тараққӣ кардааст. Дар Нефтекамск нефт истихроҷ ме­кунанд. Дар шаҳр техникуми нефт ва театри халқӣ ҳаст. Нефтекамск соли 1957 ба муносибати аз худ карда шудани кони нефти Арлан бунёд ёфтааст. Аз соли 1963 — шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …