Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Неаполи Скифия

Шаҳри Неаполи Скифия

Неаполи Скифия (юн. Neapo- lis — шаҳри нав), шаҳри қадимест, ки дар ҳуҷҷатҳои асри 2 то мелодӣ ва «Ге­ографиями Страбон чун яке аз калъаҳои подшоҳони скифҳо дар Қрим зикр гардидааст. Тахмин мекунанд, ки шаҳр дар канори шарқии Сим­феропол воқеъ шудааст. Неаполи Скифия асрҳои 3 то мелодӣ— 3 мелодӣ маркази давлати скифҳо буд. Нашъунамои шаҳр ба асри 2 то мелодӣ рост меояд. Дар асри 3 мелодӣ дар натиҷаи ҳуҷуми готҳо барҳам хӯрд. Тадқикоти асосии археологи солҳои 1940—50 анҷом дода шудааст. Боқимондаи деворҳои мустаҳками истеҳкомӣ (ғафсиаш 8,5) ду бурҷи калон, боқимондаи биноҳои ҷамъиятӣ ва иқоматӣ кушҳда шуданд. Дар қабристони Неаполи Скифия зиёда аз 200 қабр тадқиқ гардидааст.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

deha

БОЙМИРЗОӢ

БОЙМИРЗОӢ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон. Аз Боймирзоӣ то маркази ноҳия 4 км, …