Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Неапол

Шаҳри Неапол

Неапол (Napoli), шаҳрест дар Италияи Ҷанубӣ. Дар соҳили халиҷи Неаполитанияи баҳри Тиррен, дар доманаи вулқони Везувий воқеъ гаштааст. Калонтарин шаҳри вилояти Кам­пания ва музофоти Неапол. Ақолиаш 1,2 миллион нафар (1975). Якҷоя бо шаҳрчаҳои атрофаш Неаполи Калонро ташкил медиҳад, ки аҳолиаш бештар аз 2 миллион нафар аст.

Неапол — маркази муҳими иқтисодӣ ва мадании ҷануби мамлакат, узели нақлиёт, бандари баҳрӣ. Дар Неаполи Калон саноати истеҳсоли маҳсулоти нефт, корхонаҳои металлургӣ, киштисозӣ, самолётсозӣ, автомобилсозӣ, дастгоҳу асбобсозӣ, электротехникӣ, радиотехникӣ, хӯрокворӣ, бофандагӣ, коғаз ва сементбарорӣ мавҷуданд. Университет (аз соли 1224), стансияи вулқоншиносӣ, театрҳои опера ва драма, музейхо ва нигористон дорад. Неапол шаҳри қадимӣ буда, ёдгориҳои меъмории бисёр дорад: қалъаҳои Кастел дел Оно (асри12) ва Кастел Нуово (асрҳои 13—15), калисоҳои Сан-Доменико (асри 13), Санта-Мария дел Кармине (асрҳои 13—18) ва ғайра.  Неапол— маркази туризми хориҷӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …