Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нант

Шаҳри Нант

Нант (Nantes), шаҳр, бандари ка­лон дар ғарби Франсия, дар резиш- гоҳи дарёи Луара. Маркази маъмурии департаменти Луараи (Поёнии) Ат- лантикӣ. Аҳолиаш 257 ҳазор нафар (1975). Ба воситаи бандари Нант ба хориҷа махҳулоти нефт, мошин, ғал­ла, орд, нуриҳои минералӣ ва ғайра бароварда шуда, аз он ҷо нефт, фосфо­рит, чӯб, қанд, растаниҳои равғандеҳ ва кунҷора мекашонанд.

 

Асосан бо мамлакатҳои Африка алоқаи тиҷоратӣ дорад. Саноати мошинсозии бисёрсоҳа (махсусан киштисозию самолётсозӣ), металлургӣ, истеҳсоли маҳсулоти нефт, химия, коғаз ва хӯрокворӣ мавҷуд аст. Университет дорад.

ХАРИТА:

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …