Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Намангон

Шаҳри Намангон

Намангон шаҳри маркази маъмурии вилояти Намангони РСС Ӯзбекистон Дар қисми шимоли водии Фарғона вокеъ аст. Стансияи роҳи оҳан (дар хати Қӯқанд — Учқӯрғон—Андиҷон). Аз шаҳр Канали Шимоли Фарғона мегузарад. Аҳолиаш 227 ҳазор нафар (1979). Маркази калони саноати сабук (2 заводи пахтатозакунӣ, комбинатҳои истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ва костюмбоб аз нахи сунъӣ, фабрикаҳои дӯзандагӣ, материалҳои ғайрибофта, маснуоти ба­деӣ, матоъҳои пахтагӣ, мебел, пойафзол) ва хӯрокворӣ (заводҳои равған, консерв, ширу равған, вино, пиво, нон; комбмнатҳои гӯшт, орд ва ғайра).

Дар Намангон инчунин заводҳои химия, электротехникӣ, трансформатор, мошинсозӣ, таъмири автомобил, комбинати хонасозӣ мавҷуданд. Масолеҳи бинокорӣ, маснуоти оҳану бетонӣ истеҳсол карда мешавад. Дар шаҳр ГЭС-у ТЭТС-ҳо кор мекунанд. Институти педагогӣ, пункти консултативии Институти саноати хӯ­рокворӣ ва саноати сабуки Тошкент, Институти тадқиқоти илмии иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна, филиали як қатор институтҳои тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашӣ, техникуми хоҷагии қишлоқ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва тарбияи то­мактабӣ, мусиқӣ ва якчанд омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, музеи кишваршиносӣ, театри драма ва мазҳака, хонаи маданият дорад. Аз ёдгориҳои меъморӣ мақбараи Хӯҷам (асри 18), мадрасаи Муллоқирғиз (1912), масҷиди Ота Валихонтӯра (1918) боқӣ мондаанд. Бори нахуст дар маъхазҳои асри 15 ҳамчун деҳа қайд шудааст. Аз соли 1610 — шаҳp.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …