Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Насаф

Шаҳри Насаф

Нахшаб, яке аз шаҳр — вилоятҳои қадимаи водии Қашқадарёст. Дар сарчашмаҳои хитоии асрҳои 5—8 бо номи Нашэбо маълум аст. Баъди аз тарафи арабҳо истило шудани Мовароуннаҳр бештар бо номи Насаф машҳур гашт. Насаф то истилои арабҳо ба ҳайати давлатӣ Суғд дохил буд. Дар вилоят аз сабаби камобӣ бештар лалмикорӣ равнақ дошт. Шаҳрҳои асосиаш Насаф, Касба ва Базда ба шумор мерафтанд. Насаф маркази вилоят ҳисоб ёфта, дорои қасри шоҳ, масҷиди ҷомеъ ва бозорҳо буд. Қатъи назар аз камии об дар атрофи шаҳр деҳаҳои зиёде воқеъ гашта буданд. Дар асри 14 Кибекхони чағатоӣ (ҳукмронии 1318—26) 2 фарсанг дуртар аз Насаф қасре бунёд намуда, ба он «Каршӣ» (ба забони муғулӣ — «Қаср”) ном гузошт. Дертар Н. Қаршӣ ном гирифт. Ҷои димнаи Н.-ро Л. А. Зимин дар Шуллуктеппа (17 киллометр шимоли ғарбтари шаҳри Қаршии ҳозира) ва С. К. Кабанов дар Ерқӯрғон (10 киллометр шимоли ғарбтари Қаршӣ) тахмин кардаанд. Нигаред низ Қаршӣ.

Адабиёт: Зимин Л. А., Нахшаб, Насаф, Карши. Их история и древности, дар маҷмӯа: В. В. Бартольд, Туркестанские друзья, ученики и почитатели, Таш­кент, 1927.А. Ҷалилов.

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …