Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Луанда

Шаҳри Луанда

ШАҲРИ ЛУАНДА (Loanda city) – пойтахти Ан­гола бо масоҳати 2 417 км² ва аҳолии 6,8 млн. нафара (2017 сол) дар қисмати ғарбии қитъаи Афирка ҷойгир мебошад. Тӯли 40 соли охир аҳолии шаҳри Луанда зиёда аз 10 маротиба афзудааст. Бандар дар соҳили уқёнуси Атлантик дорад. Стансияи роҳи оҳан Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад.

Луанда

Маркази асосии саноати мамлакат мебошад. Дар Лаунда заводи истеҳсоли маҳсулоти нефт, корхонаҳои саноати семент, коркарди металл, хи­мия, бофандагӣ, дӯзандагӣ, пойафзол, хӯрокворӣ ҳаст. Донишгоҳаш аз соли 1963, музейҳои Ангола (1838 сол, табиию таърихӣ) ва Дунду (таъриху этногра­фӣ), китобхонаҳои миллӣ ва мунисипалӣ мавҷуданд.

ЛУАНДА ДАР ХАРИТА

Дар наздикии Лаунда конҳои нефт заводи шина. Неъругоҳи Барқии Электрикии Мабубас дар дарёи Данде воқеанд.  Шаҳри тараққикарда ва яке аз шаҳрҳои аз ҳама беҳтарину ободтарини Африка ба ҳисоб меравад.

Бунёди Лаунда соли 1575 аз ҷониби Португалиҳо оғоз ёфтааст, ки он замон номи Сан-Паулу-ди-Луанда ном дошт.

ВИДЕО ОИДИ ЛУАНДА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …