Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Ломё

Шаҳри Ломё

ШАҲРИ ЛОМЁ (Lome) – пойтахти Того, маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат, бо масохати 345 км², ки дар он аҳолиаш иборат аз 910 ҳазор нафар (2017 сол) мебошад. Дар соҳили халиҷи Гвинея воқеъ гаштааст. Иқлимаш экваторӣ. Ҳарорати миёнаи моҳҳои март-апрел +31° С, июль – август +23° С. Боришоти солона 775 мм. Шаҳри Ломё — стансиям роҳи оҳан, узели муҳими роҳҳои автомобилгард ва бандари баҳрӣ. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад.

ШАҲРИ ЛОМЁ (Lome), пойтахти Того

3аводҳои пахтатозакунӣ, пиво, мармар, фабрикаҳои пойафзол, атриёт ва яхи сунъӣ, устохонаҳои таъмири роҳи оҳан ва автомобил дорад. Ба хориҷа фосфорит, мармар, қаҳва, какао, пахта, маҳсулоти корчил мебарорад. Дар Ломё университет, Институти миллии тадқикоти илмӣ, Китобхонаи миллӣ, коллеҷи техникӣ, мактоби маъмурӣ, мактаби тиббӣ ва ғайра ҳаст. Солҳои 1960—1970 дар Ломё як қатор биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ сохта шуданд: калисои ҷомеъ, ҳайкали истиқлолият, қасри прези­дент, кқсри Маклиси миллӣ, комплекси спортӣ, бинои лицейи Токуин, меҳмонхонаи «Бенин» ва ғайра.

ШАҲРИ ЛОМЁ ДАР ХАРИТА

Ломё дар охири асри 19 бунёд ёфтааст. Солҳои 1897—1914 маркази протекторати Германия — Того, 1914—18 маркази маъмурии территорияи мандатӣ ва баъди Ҷанги дуюми ҷҳонӣ (1939—45) маркази маъмурии территорияи васояти Франция — Того буд. Лз соли 1956 пойтахти республикаи ав­тономии Того ва аз 27-уми апрели 1960 пойтахти республпкаи мустақили Того.

ШАҲРИ ЛОМЁ ДАР ВИДЕО

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …