Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Лидс

Шаҳри Лидс

ЛИДС (Leeds), шаҳри графи, маркази қадими бофандаги Британияи Кабир. Дар графин Райдинги Ғарбӣ, дар соҳили дарёи Эр воқест. Аҳолиаш 755 ҳазор нафар (2016). Лидс маркази конурбақияи Йоркшири Ғарбӣ буда, бо атрофаш 1,7 млн. аҳолӣ дорад.

Лидс шахр

Солҳаи асосии саноаташ дӯзандагӣ (бештар либосҳои мардона) ва мошинсозӣ (истеҳсоли таҷҳизоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, кӯҳкорӣ, химия, полиграфия, атомӣ, асбобҳои гуногун, дастгоҳҳо, локомотивҳо). Дар Лидс корхонаҳои саноати химия, атриёт, хӯрокворӣ ва полиграфия низ ҳастанд. Университет, коллеҷи техникӣ, музейҳо ва нигористон дорад. Ҷанубтари шаҳр кони ангишт мавҷуд аст.

Дар харита

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИДС

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …