Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Ан-Наҷаф

Шаҳри Ан-Наҷаф

Ан-Наҷаф  шаҳрест дар ҷануби Ироқ (муҳофазаи Карбало), дар соҳили рости дарёи Фурот. Аҳолиаш 134 ҳазор нафар (1965). Маркази тиҷоратию нақлиётӣ буда, аз он роҳи Макка ва Мадина мегузарад. Дар нимаи дуюми асри 8 буньёд гардида, аввали асри 11 атрофаш бо девор иҳота карда шудааст. Яке аз шаҳрҳои муқаддаси мусулмонони шиа мебошад. Дар Нақаф мақбара — масҷиди имом Алӣ (661 ҳалок шуда­аст) маҳфуз мондааст, ки он дар давраи Аббосиён бунёд гардида, ҳамчун зиёратгоҳи мусулмонон машҳур аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …