Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Абакан

Шаҳри Абакан

Абакан (1925 – 1931, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии Красноярск, дар қисми марказии ҳавзаи Минусинск, дар резишгоҳи дарёи Абакан ба дарёи Енисей воқеъ аст. Аҳолиаш 165,2 ҳазор нафар (2009). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард мебошад, аэропорт ва бандар дорад.

Дар Абакан корхонаҳои вагонсозӣ, истеҳсоли кранҳои борбардор ва контейнерҳо, заводу фабрикаҳои саноати сабук,  коркарди чӯб, хӯрокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон фаъолият мекунанд. Донишгоҳ  филиалҳои донишкадаҳои Красно­ярск, пажухишгоҳи забон, таърих ва адабиёт, театрҳои драма (русӣ ва хакасӣ) ва лухтак, осорхонаи кишваршиносии ҷумҳуриявйӣ дорад. Дар шаҳхр боғи ҳайвонот ва дендрарий мавҷуд аст.

Дар харита

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …