Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович

shahidi-z

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович (4. 5. 1914, Самарқанд —25. 2. 1985, Душанбе), композитори советии тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷ. (1974). Аъзои КПСС аз с. 1950. С. 1932 мактаби миёнаро хатм карда, то с. 1939 ҳамчун навозанда дар театрҳо ва студияҳои радиои Тошкент, Самарқанд ва Сталинобод кор кард. С-ҳои 1939—52 роҳбари Ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. С-ҳои 1943—46 Шаҳидӣ дар студияи назди ИБ Тоҷикистон аз А. С. Ленский ва С. А. Баласанян дарси композиция омухтааст. С. 1949 Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи Москваро хатм намуд ва с-ҳои 1952—57 дар шуъбаи миллии консерваторияи мазкур таҳсилро давом дод. Раиси Правленияи ИБ Тоҷикистон (1956—60). Шаҳидӣ яке аз аввалин композиторон, ки барои ташаккули мусиқии муосири тоҷик хизматҳои шоён кардаанд. То с-ҳои 60 дар эҷодиёти Шаҳидӣ суруду романҳо мавқеи калон доштанд. Дар байни онҳо таронаҳои «Хонаи мо» ва «Ватан» (шеъри А. Лоҳутӣ), «Азиз Москваҷон» (М. Раҳимӣ), «Бубин», «Иди Зафар» (Б. Раҳимзода), «Дарвоз» (Деҳотӣ), «Шаҳри мо» (Турсунзода), романсҳои «Зи сузи сина» (шеъри Ҳилолӣ), «Эй сорбон» (Саъдӣ) ҳастанд. Муаллифи операҳои «Комде ва Мадан» (1960), «Ғуломон» (1978); опереттаи «Духтаре аз Душанбе» (1968), км бо мусиқии халқии тоҷик робитаи зич дорад. Аз нимам дуюми с-ҳои 60 Шаҳидӣ ба мусиқии симфонӣ ру овард (достонҳои симфонии «Соли 1917»), «Хотираи М. Турсунзода» (1983), ораторияи «Қиссаи Ленин» I (1984). Дар достонҳои «Бузрук» ва «Симфонияи мақомҳо» у кушидааст, ки навоҳои хуши «Шашмақом»-ро истифода намояд. Шаҳидӣ муаллифи мусиқии якчанд намоишномаҳои мусиқӣ ва драмавӣ мебошад: «Аруси панҷсума», «Алишер Навоӣ», «Шаби бисту ҳаштум», «Шаҳри ман» ва ғ. Ба қалами у инчунив 4 сюита (1954, 1956, 1961, 1975), кантатаҳои «Зодагони Октябрь» (1957), «Тантана дар пахтазор» (1958), «Кантатаи идона» (1964) тааллуқ доранд. Шаҳидӣ ба як қатор филмҳо, аз ҷумла «Дӯсти ман Наврӯзов» (1959), «Вақти зангирии писарам расид» (I960), «Хеҷбудагон ҳар чиз мешаванд…» (1974) ва ғ. мусиқӣ эҷод кардааст. Китоби у «Мусиқӣ дар ҳаёти ман» (Душанбе, 1976, нашри дуюм бо иловаҳо 1986) дар хусуси роҳҳои эҷодии оҳангсоз ва мусиқи муосири тоҷик баҳс мекунад. Депутати Совети Олии РСС  Тоҷ. (даъватҳои 1—4). Лауреат Мукофоти давлатии республикавии ба номи Рудакӣ (1985). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.      З. Тоҷикова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …