Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАФТОЛУ

ШАФТОЛУ

ШАФТОЛУ (Persica), ҷинси бутта ё дарахти мевадорест аз оилаи настараниҳо. Дарахти Шафтолу 3—5 м қад мекашад. Баргаш нештаршакли дарозруя (дарозиаш 10—18 см, бараш 2—5 см), дандонадор, гулаш сурх ё гулобӣ, мевааш кулула, тухмшакл, гирда ё дарозруя, пашмакдор ё лучак, рангаш гуногун (аз сабзи сафедтоб то норинҷӣ), пусташ тунук, мағзаш сафед, зард, гулобӣ, сершира, ширин ё каме нордон, донашакл нағз ҷудо (баъзан часпак) мешавад.

Шафтолуи худруй аниқ, маълум нест. Тахмин мекунанд, ки Шафтолуи худруй дар куҳсори Хитой месабзад ва онро 4 ҳаз. сол муқаддам кишт кардаанд. Шафтолуpo аз Хитой ба Эрон, минбаъд ба Юнови Қадим (Теофраст дар а. 4 то м. Шафтолуро ном бурда аст) бурдаанд. Шафтолуро дар ҳудуди республикаҳои Осиёи Миёна ва Закавказия ҳануз то м. мепарвариданд. Ҳоло Шафтолу қариб дар ҳама мамлакатҳои субтропикию тропикии Нимкураи шимолӣ ва Нимкураи ҷанубӣ маъмул шудааст.

Дар СССР Шафтолуро асосан дар Осиёи Миёна, Кавказу Қрим, РСС Молд., поёноби д. Волга ва ҷан. РССУ (беш аз 25 ҳаз. га) мепарваранд; аз ҳар га шафтолузор 200—400 ц ҳосил меғундоранд.

Дар ҷаҳон тақр. 5 ҳаз. ва дар СССР 98 навъи Шафтолу маълум аст. Дар Тоҷикистон навъҳои таҳҷоии Шафтолу— сафед, равғани гов, анҷиршафтолу, лучак, чиллагӣ, Шафтолуи сурх, инчунин навъҳои ба шароити маҳал мутобиқшудаи пешпазак («Майфловер», «Александр ранный», «Камберленд», «Золотой юбилей»), миёнсолӣ («Малиновый», «Инжирный красный», «Обильный», «Чемпион», «Старт»), дерпазак («Эльберта», «Фардод», «Сальвей»), навъдои нави «Мевагул», «Гулдор», «Равшан» ва «Сунбулӣ»-ро, ки селекционерони Ин-тн тадқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон руёнидаанд, парвариш мекунанд.

Шафтолуи сафед навъи таҳҷоӣ аст. Дарахти 7—8-солааш то 80 кг ҳосил медиҳад. Мевааш хуштаъм, сершираву ширин, андак нордон (вазнаш андаряк 90—100 г), асосан барои тархурӣ истифода мешавад. Ох. авг. ва авв. сент. мепазад. Бештар дар вил. Ленинобод мепарваранд.

Шафтолуи сурх. Дарахташ ба Шафтолуи сафед монанд аст, вале навдаҳояш одатан сурхчаанд. Мевааш сурхтоб, таъмаш бештар талхча, донакаш ба осонӣ ҷудо мешавад.

Чиллагӣ навъи Шафтолуи пешпазаки таҳҷоист (дар даҳрӯзаи авв. июнь Мепазад). Мевааш бештар зардтоб, гулобӣ ва сурх. Таъмаш нордон, баъзан андак талхча. Дар водии Фарғона ва ноҳияҳои диг. Осиёи Миёна хеле маъмул аст.

«Мевагул» ва «Гулдор» навъҳои сармобардор ва серҳосиланд. Ҳар бехи «Мевагул» андаряк 47,2 кг, «Гулдор» 55,3 кг ва аз ҳар га андаряк 262—307 ц ҳосил медиҳад. Меваашон зардтоб, нордон.

«Равшан» навъи нави сармобардор аст. Аз ҳар бехаш андаряк 55 кг ва аз ҳар га то 306 ц ҳосил меғундоранд. Мевааш сафеди пашмакдор, хуштаъм ва хушбӯй.

«Сунбулӣ» навъи серҳосилу пешпазак аст. Аз дар бехи он то 75,1 кг ва аз ҳар га то 417 ц ҳосил мегиранд. Мевааш калон, таъмаш нордон.

Шафтолуро асосан барои тархурӣ, тайёр кардани мураббо, шафтолуоб, мармелад, повидло ва ним истифода мебаранд. Равғани мағзи Шафтолуро дар тнб барои тайёр кардани ҳар гуна марҳам ва чун ҳалкунаида (мас., барои тайёр кардани кофур ва ғ.) истифода мебаранд. Шафтолу 6—14% қанд, то — 1,02% ҷавҳари себу лиму, 0,56— 1,26% пектин, 0,6—1 мг% каротин (провитамина А) ва витаминҳои С, В дорад. Дар мағзи донаки Шафтолу  20— 60% равған ҳаст.

Ад.: Скороход С. Т., Шохмуродова С. Б., Навъҳои нави ояндадори шафтолу, «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», 1982,         1; Шайток И. М.. Культура персика, Киев. 1987; Культурные растения СССР, М., 1978. У. Трупов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …