Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАФИҚ Лачҳмӣ Нароян

ШАФИҚ Лачҳмӣ Нароян

ШАФИҚ   Лачҳмӣ Нароян (6.3. 1745, Аврангободи Ҳиндустон — 1898), нависанда ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон. С. 1772 Мир Ғуломалихони Озод, ки устодаш буд, ба у «Шафиқ» тахаллус дод. Шеърҳои ба забони урду навиштаи у бо тахалл. Соҳиб ва ашъори форсиаш бо тахалл. Шафиқ навишта шудаанд. Ба қалами Шафиқ се тазкира тааллуқ дорад: «Чаманистони шуаро» (1762) ба забони форсӣ буда, шарҳи ҳолу намунаи ашъори шоирони урдузабонро -дар бар мегирад. Шоирон дар он аз рӯи тартиби алифбои арабиасоси тоҷикӣ зикр шудаанд.

Он дар Аврангобод ба табъ расид (11528); «Гули раъно» (1768) оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоирони форсизабони Ҳиндустон, ки гузаштагонашон б худашон аз Эрон будаанд, маълумот медиҳад. Аз ду фасл иборатаст. Фасли якум, ки зикри шоирони мусулмонро фаро мегирад, аз Мир Ғyломалихони Озод шуруъ шуда, бо Мир Юсуф анҷом меёбад. Фасли дуюм дар бораи шоирони ҳинду маълумот медиҳад. Дар ин тазкира шарҳи ҳоли баъзе шоирон ва намунаи осори онҳо муфассалтар омада, дар бораи баъзе шоирони диг. бисьёр кам маълумот дода шудааст. Шафиқ гоҳо ашъори бархе аз шуароро бо ҳамдигар муқоиса намуда, матлабу истилоҳоти шеъри онҳоро тафсир додааст. Фасли дуюми он дар Ҳайдаробод нашр шуд; «Шоми ғарибон» (1769) тазкираи шоирони форсизбони Ҳиндустон мебошад. Он асосан шарҳи ҳоли нисбатан мухтасару ҷолиб ва намунаҳои хуби ашъори шоиронеро шомил аст, ки аслан аз Эрон буда, ба сабабе ба Ҳиндустон омадаанд. Он барои омухтани робитаҳои адабии Эрону Ҳиндустон, саҳни шоирони Эрон дар тавсиаи адабиёти форсизабони Ҳинд ва муайян намудани сабабҳои ҳиҷрати онҳо ба ин кишвар аҳамияти калон дорад. Тазкираҳои Шафиқ дар бораи ҳаёти адабии Ҳиндустон ва вазъи адабиёти форсизабони он маълумоти фаровон медиҳанд. Шафиқ инчунин, муаллифи асарҳои таърихӣ мебошад. Дар китобҳои у «Хақиқатҳои Ҳиндустон», «Маосири ҳайдарӣ», «Ҳолоти Ҳайдаробод», «Хулосат-ул-Ҳинд» ва ғ. масъалаҳои гуногуни таърихи Ҳиндустон тафсир ёфтаанд. Забони осори Шафиқ, ба истиснои муқаддимаҳояшон, ки бо насри маснуъ ва мусаҷҷаъ навишта шудаанд, соддаю равон мебошад.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …