Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАФАҚ Ризозода

ШАФАҚ Ризозода

ШАФАҚ Ризозода (1892, Табрез—1971), адабиётшиноси эронӣ. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифт. Яке аз иштирокчиёни инқилоби Машрута (1905— 11) буд. С. 1910 рӯзномаи «Шафақ»-ро интишор дод. Дар натиҷа ба таъқибот дучор шуда, ба Истанбул рафт. Пас дар фак-та фалсафаи Ун-та Берлин таҳсил кард ва ба унвони докторӣ ноил гардид. Асарҳои Шафақ ба адабиёт, забон, таърих, фалсафа ва иқтисодиёти Эрон оиданд. «Таърихи адабиёти Эрон» (1943), «Фарҳанги «Шоҳнома» ва мулоҳизоте дар бораи Фирдавсӣ» (1942), «Мубориза бо хурофот» (1940), «Сатторхон» (1957), «Роҳи раҳоӣ дар истихлоси иқтисодии Эрон» (1923) ва ғ. Шафақ забонҳои немисӣ, англисӣ, франсавӣ ва туркиро хуб медонист ва «Таърихи адабиёти форсӣ»-и Эте, «Таърихи мухтасари Эрон аз аввали ислом то инқирози зандиён»-и П. Ҳорн, «Таджик дар фаҳми башар»-и Ҷ. Локк ва диг. асарҳои илмиву бадеиро ба форсӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин у ба девони ашъори Муҳаммад Раҳимии Шево, Орифи Қазвинӣ ва диг. муқаддима ва шарҳи муфасале навиштааст. Шафақ дар сабки классикӣ шеърҳо дам дорад, ки чандон муваффақият пайдо накардаанд. Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …