Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАБУШАК

ШАБУШАК

shabushak

ШАБУШАК (Thlaspi arvense), гиёҳи яксолаест аз оилаи чилликгулҳо. Аз 3 то 70 см қад мекашад. Гулаш майда, сафедтоб. Мевааш ғилофаки гирда, сертухм. Тухмаш майдаи сиёҳтоб (вазни 1000-тоаш 1,25—1,75 г). Як бех Шабушак то 10 ҳаз. дона тухм мебандад. Тухми Шабушак дар хок қобилияти сабзиши худро 7—10 сол нигоҳ медорад. Шабушак дар Тоҷикистон алафи бегонаи киштзору боғ ҳисоб мешавад, вале дар наздикӣ истиқоматгоҳ, канори роҳ, замини партов, чарогоҳ ва ғ. (350—3800 м аз с. б.) низ мерӯяд.

Шабушакро табибони халқӣ гиёҳи шифобахш мешуморанд. Онро ба шахсони гирифтори бемории зангила тавсия медиҳанд. Дорушиносон муайяи кардаанд, ки қисми барги тару тозаи Шабушак хуншориро бозмедорад. Барги он сервитамин аст (то 100 мг% витамини С дорад). Баргашро ба хӯриш ҳамроҳ мекунанд. Тухми Шабушак 20—34% равған дорад ва он дар техника ба кор меояд. Чорво Шабушакро (то гулшукуфт) мехӯрад (он гоҳ аз шир бӯи сир меояд, ки ин ба гликозиди синигринӣ таркиби Шабушак вобаста аст).

Ад.: Котт С. А.. Сорные растения и борьба с ними, М„ 1969; Флора Таджикской ССР, т. 5, Д, 1978.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …