Маълумоти охирин

ШАБУШ

ШАБУШ, шабушк, шубуш, (Anoplura ё Siphunculatjfl), як қатори ҳашароти хунмакро гӯянд. Шабуш паразити одам ва ҳайвоноти ширхӯр аст. Пӯстро газида аз бофтаҳои он хун мемакад. Баъди газидани Шабуш ҷои он хориш мекунад.

shabushk

Шабушки модина моеъи часпаки махсус хориҷ мекунад, ки бо он ришк ба риштаи либос ё мӯй мечаспад. Қариб 200 намуди Шабуш (аз ҷумла дар СССР 40 ва РСС Тоҷики тон қариб 30) мавҷуд аст. Шабуши одам (Pediculus uumanus) ду хел мешавад: мағлесак (Ш.-и cap) ва қалбуққа (Ш.-и либос). Атрофи бадани мағлесак (Р. h. capitis) холҳои тира дорад; қалбуққа (Р. h. vectimenti) то 4,75 мм дарозӣ дорад. Шабуши одам дар як шаборўз 2—3 маротиба хун мемакад.- Сабаби асосии шабушкин шудан риоя накардани тозагӣ аст. Бисёр намудҳои Шабуш дар ҳайвоноти ширхўр низ паразити мекунанд.          Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …