Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ШАБИСТОНИ НУКОТ ВА ГУЛИСТОНИ ЛУҒОТ»

«ШАБИСТОНИ НУКОТ ВА ГУЛИСТОНИ ЛУҒОТ»

«ШАБИСТОНИ НУКОТ ВА ГУЛИСТОНИ ЛУҒОТ» «Шабистони хаёл», асари Фаттоҳии Нишопурист, ки с. 1440 таълиф шудааст. Аз муқаддима, хотима ва ҳашт боб иборат буда, боби якум аз хусуси имомату ислом, боби дуюм дар боби шоҳону атрофиёнашон, боби саввум дар бораи илму олимиву таълим, боби чаҳорум дар бораи обидону зоҳидон, боби панҷум аз бобати табақаву ҷинсу хислатҳои одамӣ, боби шашум дар фазилати касбу кору ҳунар ва меҳнату машғулият, боби ҳафтум дар атрофи лаззати зиндагӣ ва боби ҳаштум перомуни фавоиди гуногун баҳс мекунад. Муаллиф ин асарро «ба таври ҷадид» бо нияти навоварӣ дар насри бадеии форс-тоҷик нигоштааст, ки дар шаклу мазмун ва тарзи нигоришу услуби он зоҳир гардидааст.

С. 1838 шарқшиноси немис Флейшер дар феҳристи дастнависҳои Лейпциг мазмуни «Шабистони нукот ва гулистони туғот нақл карда, 1868 шарқшиноси немис Ҳ. Эте боби якумашро ҳамроҳи шарҳи туркии Сурурӣ тарҷума ва нашр кардааст. Матани «Шабистони нукот ва гулистони луғот» с. 1913 дар Тошканд ба тарзи литографӣ чоп шудааст.

Ад.: Мирзоев А., Сайидо ва мақоми ў дар таърихи адабиёти тоҷик, Сталинобод. 1947.            А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …