Маълумоти охирин

ШАБДИЗ

 ШАБДИЗ номи аспи Хусрави Парвиз. Дар фарҳангҳо он ба маънии шабранг, сибҳранг, тирагун тафсир шудааст. Сифати Шабдиз қиссаи ба даст омадан ва марги он дар асарҳои таърихнависони араб ва форс-тоҷик Табарӣ, Абӯалии Балъамӣ,. Саолибӣ ва диг. инъикос  ёфтааст. Шабдиз аз ҳама аспони ҷаҳон  баландтару пурзӯртар будааст. Онро Хусрав дар Рум ба даст оварда  ҳар таомеро, ки худ мехӯрд, ба Шабдиз медод. Пас аз марги Шабдиз бо фармони Хусрав муҷассамаи онро аз санг сохта будаанд. Мувофиқи ривоятҳо Хусрав савганд ёд карда будааст, ки ҳар кас хабари ҳалоки Шабдизро биёварад ӯро ба қатл хоҳад paсонид. Хабари марги Шабдизро Борбади Марвӣ зимни суруде, ки ба муносибати ин воқеа эҷод карда буд, гушзади шоҳ намуда, чандин касро аз марг раҳоӣ додааст. Қиссаи Шабдиз дар назми араб (достони Халиди Файёз, таълифаш 718) ва форс-тоҷик  («Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, достонҳои Низомӣ, ашъори Мунззӣ, Фахруддини Гургонӣ, Ломеӣ ва диг.) баён гадидааст. Mac., Мунззӣ мегӯяд:

Пой Шабдизаш, ту гӯӣ, пӯя аз оҳу гирифт,

Паррӣ шоҳинаш, ту гуӣ, қувват аз сарсар шрифт.

С. Маҳдиев.

shabdiz

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …