Маълумоти охирин

ШАББӮЙ

shabbuy

ШАББЎЙ, шаббӯ, гули шаббуй (Mattbiola incana), гулест, ки шаб бӯи хуш медиҳад; аз рӯи таснифоти ботаникӣ гиёҳест аз оилаи чилликгулҳо. Пояаш рост, сер-шох (то 80 см қад мекашад). Баргаш нештармонанд ё байзашакл. Гулаш гуногунранг (сурх, бунафш, сафед ва ғ.), одатан сербарг, хушбӯй. Шаббўй гули маъмулест, ки аз қадим мепарваранд. Фаррухӣ гуфтааст:

Хоре, ки ба ман дархалад андар сафари Ҳинд,

Беҳ, чун ба ҳазар дар кафи ман дастаи шаббўй.

Шаббўй дар замини серпору ва офтобрӯя хуб нашъунамо меёбад. Тухмашро моҳҳои март — апр. дар гулхона мекоранд ва моҳи май ба ҷои доимӣ кӯчат мекунанд. Баъди 20 рӯзи кишт гул мекунад. Бештар аз 400 навъи Шаббўйро мепарваранд.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …