Маълумоти охирин

ШАББОЗОР

ШАББОЗОР, бозоршаб, яке аз одатҳои машҳури тоҷиконро гӯянд. Шаббозор асрҳои 9—10 дар баъзе шаҳру ноҳияҳои сернуфус бо номи шаби сурӣ маъмул буд ва ба рўзҳои ҷашни Сада рост меомад. Бино ба ахбори Наршахӣ, дар шаби сурӣ гулхан меафрўхтанд ва дар равшании он мардум сайру тамошо мекард ва бо тиҷорат машғул мешуд. Баъди пойдоршавии дини ислом Шаббозор бештар моҳи рамазон барпо мегардид. Ох. а. 19 ва авв, а. 20 сокинони шаҳрҳои Бухоро, Хуҷанд ва ғ. Шаббозор ташкил менамуданд. Дар шаҳрҳо ҳамаи дӯконҳо, сарою тиҷоратхонаҳо, чойхонаҳо шабона (то нисфи шаб) кор мекарданд. Косибону ҳунармандон маҳсули меҳнати худро ба фурӯш бароварда, якҷоя чой нушида сӯҳбат меоростанд. Дар раставу бозор ва чойхонаҳо базамҳо барпо мегардиданд, ки дар онҳо ширинкорону санъаткорон ҳунарнамоӣ ва инчунин қиссахонӣ мекарданд. Шаббозор ҳоло барҳам хурдааст.    А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …