Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САРАПУЛ

Шаҳри САРАПУЛ

САРАПУЛ, шаҳрест дар Республикаи Автономиии Советии Сотсиалистии Удмуртия. Бандар дар соҳили дарёи Кама. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 109 ҳазор нафар. (1984). Баъд аз Устинов дуюмин шаҳри иқтисодии республика.

sarapul

Маркази қадимаи саноати чарму пойафзол. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Сарапул махсусан саноати мошинсозӣ ва коркарди металл ривоҷ ёфт. Таҷҳизоти гуногун барои саноати нефту газ, мошинҳои „ ҷомашӯй, радиоприёмнику конденсаторҳо истеҳсол мекунад. Корхонаҳои чӯбгарӣ, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ низ дорад. Дар Сарапул филиали шабонаи Институти механикаи Устинов, 4 техникум, 2 омӯзишгоҳ, театри драма ва музеи кишваршиносӣ ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …