Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САРАНСК

Шаҳри САРАНСК

САРАНСК, шаҳр, пойтахти Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Мордова. Дар соҳили чапи дарёи Инсар (ҳавзаи Волга) воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан дар хатти Рузаевка — Қазон; узели роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 301 ҳазор нафар (1984). Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Саранск ба маркази калони саноати электротехникӣ (Иттиҳодияи истеҳсодии «Светотехника», заводҳои кабел, «Электровыпрямитель») табдил ёфт. Соҳаҳои дигари саноат: мошинсозӣ, коркарди металл (заводҳои экскаватор, автосамосвал, таҷҳизоти тиббӣ, асбобсозӣ ва ғайра), чӯянрезӣ (заводи «Центро- лит»), химия (заводи «Резинотехника»), сабук (комбинати маснуоти бофтаи «Сура», фабрикаҳои дӯзандагӣ ва матоъҳои ороишӣ), хӯрокворӣ (комбинатҳои консерв, гӯшт, заводи равған ва ғайра).

saransk_3

Дар Саранск инчунин корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ, 2 стансияи электрии олавӣ мавҷуданд. Университет, институти педагогӣ, техни- кумҳои электромеханикӣ, асбобҳои электронӣ, мошинсозӣ, кооперативӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, педагогӣ, институтҳои тадқиқоти илмии забон, адабиёт, таърих ва иқтисодиёти назди Со-вети Вазирони Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Мордова ва ғайра, те- атрҳои мусиқию мазҳакавӣ, драма, лӯхтак ва маркази телевизион дорад. Аз ёдгориҳои меъморӣ дар Саранск калисои Иоанн Богослов (1693) ва «Хонаи Пугачёв» (ин бино дар охири асри 17 сохта шудааст) боқӣ мондаанд. Саранск дар соли 1641 ҳамчун қалъа дар Сарҳади ҷануби шарқии давлати Рус бунёд ёфтааст. Аз соли 1651— шаҳри уездӣ, аз соли 1928 Саранск— маркази округи миллии Мордва, аз соли 1930— маркази вилояти автономӣ, аз соли 1934— пойтахти Республикаи Автономиии Советии Сотсиалистии Мордова.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …