Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САНТЯГО

Шаҳри САНТЯГО

САНТЯГО , пойтахтл Республикаи Чили. Маркази асосии маданӣ ва иқтисодии мамлакат. Дар доманаи кӯҳҳои Аид (дар баландии тақрибан 540 метр аз сатҳи баҳр), дар ҳар ду соҳили дарёи Маночо воқеъ гардидааст. Иқлимаш баҳримиёназаминӣ, ҳарорати миёнаи январи 19,7°Селсия, июл 7,7°Селсия; боришоти солона 363 миллметр. Масоҳат бештар аз 100 километр3. Аҳолиаш 1,7 миллион нафар, бо шаҳрчаҳои атроф 3,95 миллион нафар. (1984). Сантяго узели калони роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард аст. Роҳи оҳан шаҳрро бо бандари асосии Чили — шаҳри Валпарансо мепайвандад.

s1200yago

4 аэропорт дорад. Корхонаҳои саноатиаш: электротехникӣ, коркарди металл, мошинсозӣ, химия, дорусозӣ, истеҳсоли резин, саноати сабук (аз ҷум- ла бофандагӣ), хӯрокворӣ ва ғайра. Корхонаҳои Сантяго қариб 50% маҳсулоти саноатии мамлакатро медиҳанд.
Дар Сантяго Университети Чили, Университети давлатии техникӣ, Омӯзишгоҳи ҳарбӣ, Мактаби санъати амалӣ, Консерва- торияи миллӣ ҳаст. Муассисаҳои илмиаш: Академияи фанҳои Чили, академияҳои забоншиносӣ, илмҳои табиатшиносӣ, таърих; Институти Чили оид ба омӯзиши Антарктида, Институти баплангирии иҷтимоию иқтисодии Америкаи Лотинӣ, Институти таҷрибавии тиббӣ ва ғайра. Шаҳр 13 китобхона (калонтаринаш Китобхонаи миллии Чили), Музеи миллии таърих, Музеи милии саноеи нафиса, театрҳои опера ва балет, драма ва ғайра дорад.
12 феврали 1541 кишваркушои испанӣ Педро де Валдивия ба шаҳр асос гузошт. Пас аз соҳибихтиёр гардидани Чили (1818) Сантяго пойтахти республика эълон шуд. Аз ибтидои асри 20 —маркази саноатии мамлакат. Махсусан дар солҳои 30 ва солҳои 1950, 1954 —1955, 1966 ба майдони калонтарин хуруҷҳои синфӣ ва зиддиимпериа- листии пролетариат табдил ёфт. Баробари ба сари ҳокимият омадани ҳукумати Ягонагии халқ (ноябри 1970, бо сардорни С. Аленде) Сантяго маркази задухӯрдҳои тезутунди синфии байни тарафдорони ҳукумати Ягонагии халқ ва муқобилони он гардид. 11 сентябри 1973 дар Сантяго хуруҷи ҳарбиёни реаксионӣ ба амал омад, ки он боиси сарнагун шудани ҳукумати ягонагии халқ гардид; ҳангоми штурми қасри президентии Ла Монеда С. Алендо кушта шуд. Пас аз табадду- лоти ҳарбӣ дар мамлакат режими фашистӣ ҷорӣ гардид.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …